«Интернет барои хона» бо қоидаҳои шумо
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тарофаҳо барои истифодабарандагони интернети ноқилӣ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» зиёдтар шуданд. Акнун сокинони Душанбе имкон доранд, ки боз ду тарофаро аз силсилаи «Барои хона» – аз ҳама босуръат ва аз ҳама дастрасро аз ҷиҳати нарх пайваст намоянд. Ин озодии интихоби мизоҷонро васеъ менамояд.
Ба муштариёни нав – бо нархи 77 сомонӣ
Тарофаи «Барои хона 2» барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки бори аввал мизоҷи оператор мешаванд. Рақамҳо дар номҳо суръати истифодаи манбаъҳои берунии интернетро ифода менамоянд, ки берун аз ҳудуди домении tj қарор доранд. Мутаносибан дар тарофаи «Барои хона 2» ин нишондиҳанда 2 Мбит/c-ро ташкил медиҳад. Лекин дар бисёр ҳолатҳо суръат ниҳоят баланд мешавад. Ҳамин тавр, барои шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, VK, OK, YouTube ва TikTok суръат 5 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Манбаъҳои дохилӣ бо домени tj, бо суръати 100 Мбит/с кор менамоянд. Чунин мафҳум, ба монанди белимити шабона низ мавҷуд аст, яъне аз соати 00:00 то 06:59 дастрасии бемаҳдуд ба интернет пешниҳод мешавад. Суръати он ба 5 Мбит/c баробар аст.
Интернети хонагиро мизоҷи нав метавонад бо нархи 77 сомонӣ дар як моҳ озмоиш намояд. Дар ин силсила ин пардохти абонентии камтарин мебошад. Баъди озмоиш намудани дастрасии ноқилӣ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» минбаъд истифодабаранда шартҳои онро таҳлилу баҳогузорӣ намуда, дар хусуси он, ки ба тарофаи дигар гузарад ё не, ба қарори ягона меояд.
Аз ҳама босуръат
Дар айни замон тарофаи «Барои хона 20» амал дорад, ки он дуюмин моли нави оператор маҳсуб шуда, арзиши он 370 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Бо ин тарофа дастрасӣ ба манбаъҳои берунӣ бо суръати 20 Мбит/c амалӣ гардида, суръати дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба 30 Мбит/с баробар аст. Суръати интернет барои белимити шабона 50 Мбит/с ва манбаъҳои дохилӣ 100 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Тарофаи аз ҳама босуръатро ҳамаи хоҳишмандон- ҳам муштариёни нав ва ҳам муштариёни амалкунанда пайваст намуда метавонанд.
Дар маҷмуъ, дар айни замон нуҳ роҳи хизматрасонии «Интернет барои хона», аз ҷумла тарофаҳои муфиди солона амал менамоянд. Маблағи онҳоро метавон якбора ё ба насия пардохт намуд. Лекин ба ҳар сурат нархи онҳо аз нархи тарофаҳо бо пардохти ҳармоҳаи абонентӣ камтар мебошад. Масалан, агар арзиши тарофаи «Барои хона 10» 280 сомониро дар як моҳ ташкил диҳад, тарофаи «Солона Барои хона 10» бо ҳамон суръатҳои интернет 2 200 сомонӣ арзиш хоҳад дошт. Ҳамин тариқ, тарофа бо пардохти солона имкон медиҳад, ки 1 160 сомонӣ маблағ сарфа шавад.
Маълумоти нисбатан муфассалро дар бораи хизматрасонии «Интернет барои хона» метавонед дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пайдо намоед. Тарофаро бо нарх ва суръати дастрасе интихоб намоед, ки маҳз барои шумо мувофиқ ҳастанд!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






