Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ» таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ» таҳия мегардад. Ҳамчунин дар ин сол баргузории 14-умин Машварати байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж таҳти унвони «Навсозии шабакаҳои обёрӣ ва дренаж бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 феврали соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти хабарӣ иброз гардид, ки соли 2024 таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ва боз ҳам беҳтар намудани таъминоти оби заминҳои обёришаванда, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ба масоҳати 3410 гектар, барқарорсозии 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9812 гектар заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 36065 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишину иншооти хоҷагии халқ, таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028» аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошанд, ки Агентӣ анҷоми онҳоро дар соли равон ба нақша гирифтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Агентӣ соли 2023 азхуд намудани 1547 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба нақша гирифта шуда, дар натиҷа 3082 гектар (199%) заминҳои нави обёришаванда азхуд ва 1092 гектар (228%) заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор шудааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид






