Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд

Февраль 8, 2024 13:47

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023  17 афсар ва курсант дар мактабҳои олии дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба  таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчунин 10 хизматчии ҳарбие, ки машғули таҳсил буданд, баъд аз хатми муассисаи касбии олӣ ба Кумита барои идомаи хизмати ҳарбӣ баргаштанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тазаккур дода шуд, ки бо  мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо соли 2023  259 хизматчии ҳарбии Кумита дар 84 конфронс,  даврҳои омӯзишӣ ва тамринҳо иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Кумита соли 2024 амалӣ намудани якчанд вазифа, аз ҷумла таҳкими интизоми ҳарбӣ, омодагиҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани касбияти ҳайати шахсии Кумита, Маркази тайёр намудани ғаввосон ва кинологҳо дар ноҳияи Шаҳринав, идомаи сохтмони Маркази омодасозии наҷотдиҳандагон дар ин ноҳия, бинои Хадамоти ҳарбикунонидаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ ва шуъбаи Кумита дар шаҳри Роғун, сари вақт ба истифода додани Маркази қабули паноҳандагон ва зарардидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, сохтани марказҳои идораи ҳолатҳои буҳронӣ аз ҳисоби сармоягузории шарикони байналмилалӣ ва буҷаи давлатиро амалӣ менамояд.

Инчунин татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023 -2028»  дар нақша аст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 8, 2024 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд