НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди Тоҷикистон 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 январи соли 2024, дар ҳудуди Тоҷикистон 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд. Аз ин шумора 106 ширкат дар шаҳри Душанбе, 15 ширкат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 45 ширкат дар вилояти Суғд, 17 ширкат дар вилояти Хатлон ва 41 ширкат дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи сайёҳӣ кор мебаранд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023, ки 12 феврали соли равон баргузор шуд, хабар доданд.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон 306 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 190 меҳмонхона, 34 хостел (меҳмонхонаи хурд) ва мотел (меҳмонхонаи хурди сарироҳӣ), 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва истироҳатгоҳи солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг (бошгоҳи тобистона барои сайёҳон) , 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
«Дар шаҳри Душанбе 36 меҳмонхона, 9 хостел, мотел ва дигар намуди меҳмонхона бо иқтидори 1925 ҳуҷра ва 3720 катҳои хоб ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд»,-гуфта шуд дар нишаст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






