НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаш ширкати ҳавопаймоӣ хизмат мерасонад

Февраль 13, 2024 19:31

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаш ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ба як ширкати ватанӣ ва панҷ ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ хизмат мерасонад. Дар ин хусус Директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Қурбони Алимардон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар  фурудгоҳ корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, бинои сехи дӯзандагӣ, ки барои сад зани ҳунарманд пешбинӣ гардидааст, бо шаклу тарҳи муосир сохта мешавад. Ин иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Инчунин  сохтмони бокси мошинҳо, ки аз се ошёна иборат мебошад, дар марҳилаи анҷом қарор дорад. Бино барои нигоҳдории автомобилҳои сӯхторнишонӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон сохтмони маҷмааи «Кайҳон» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, бинокорон ба корҳои дохили тарабхонаву меҳмонхона ва ошхона машғул ҳастанд.  Тарабхона бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати миллӣ бунёд шуда, меҳмонхонаи «Кайҳон», ки аз панҷ ошёна иборат аст, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Иброз гардид, ки ҳадафи роҳбарияти фурудгоҳ бо фароҳам овардани шароити зарурии меъёрӣ, аз қабили бунёду навсозии бинову иншооти зарурӣ, харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири хизматрасон, нақлиёти гуногуни хизматӣ ва ободу зебо гардонидани фурудгоҳ- зиёд намудани ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва    хизматрасонии аъло ба мусофирон мебошад.

АКС: Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Февраль 13, 2024 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд