НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Лоиҳаҳои барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома доранд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал зимни нишасти матбуотии якҷояи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар самти энергетикаи мамлакат давоми соли 2023 иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаҳои «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» идома дорад.
Тавре дар варақаи иттилоотии нишасти матбуотии ин ниҳод омадааст, марҳилаи якуми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» таҷдиди 3 гидроагрегат ва таҷҳизоти асосии неругоҳ, таҳвил ва насби 6 автотрансформатори якфазаи 500/220/10 кВ ва иҷрои корҳоро вобаста ба бехатарии садд дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2024 пешбинӣ шудааст.
Корҳои барқарорсозии гидроагрегат моҳи июли соли 2023 ба анҷом расида, он ба шабака пайваст шуд. Дар айни замон ин гидроагрегат бо иқтидори истеҳсолии 375 МВт неруи барқ истеҳсол менамояд. Таҳвили таҷҳизоти гидроагрегатҳои дуюм ва сеюм тибқи нақша идома дошта, то ба имрӯз 100 фоизи таҷҳизоти асосии гидроагрегати дуюм ва 95 фоизи таҷҳизоти асосии гидроагрегати сеюм ба неругоҳ оварда шудааст.
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт моҳи декабри соли 2013 оғоз гардида, анҷоми он моҳи феврали соли 2024 пешбинӣ шудааст. Тибқи ин лоиҳа, гидроагрегатҳои 1, 2, 3, 5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аллакай таҷдид ва бо тавоноии лоиҳавӣ фаъолият доранд.
Татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» моҳи июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 пешбинӣ шудааст. Ширкати пудратӣ раванди лоиҳакашии дақиқ ва истеҳсоли турбинаҳо, генераторҳо, трансформаторҳои қудратӣ, системаи ёрирасон, ғалақаи обгузари асосии турбинаҳо, қисмати сохтмонии лоиҳаро дар мувофиқа бо Фармоишгар барои гидроагрегатҳои 4, 5 ва 6 ба анҷом расонида, барои гидроагрегатҳои 1, 2 ва 3 корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» имконияти мавҷударо ба татбиқи лоиҳаҳои «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ, таъмини боэътимоди фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 равона месозад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






