НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Лоиҳаҳои барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома доранд

Февраль 14, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал зимни нишасти матбуотии якҷояи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар самти энергетикаи мамлакат давоми соли 2023 иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаҳои «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» идома дорад.

Тавре дар  варақаи иттилоотии нишасти матбуотии ин ниҳод омадааст, марҳилаи якуми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» таҷдиди 3 гидроагрегат ва таҷҳизоти асосии неругоҳ, таҳвил ва насби 6 автотрансформатори якфазаи 500/220/10 кВ ва иҷрои корҳоро вобаста ба бехатарии садд дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Корҳои барқарорсозии гидроагрегат моҳи июли соли 2023 ба анҷом расида, он ба шабака пайваст шуд. Дар айни замон ин гидроагрегат бо иқтидори истеҳсолии 375 МВт неруи барқ истеҳсол менамояд. Таҳвили таҷҳизоти гидроагрегатҳои дуюм ва сеюм тибқи нақша идома дошта, то ба имрӯз 100 фоизи таҷҳизоти асосии гидроагрегати дуюм ва 95 фоизи таҷҳизоти асосии гидроагрегати сеюм ба неругоҳ оварда шудааст.

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт моҳи декабри соли 2013 оғоз гардида, анҷоми он моҳи феврали соли 2024 пешбинӣ шудааст. Тибқи ин лоиҳа, гидроагрегатҳои 1, 2, 3, 5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аллакай таҷдид ва бо тавоноии лоиҳавӣ фаъолият доранд.

Татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» моҳи июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 пешбинӣ шудааст. Ширкати пудратӣ раванди лоиҳакашии дақиқ ва истеҳсоли турбинаҳо, генераторҳо, трансформаторҳои қудратӣ, системаи ёрирасон, ғалақаи обгузари асосии турбинаҳо, қисмати сохтмонии лоиҳаро дар мувофиқа бо Фармоишгар барои гидроагрегатҳои 4, 5 ва 6 ба анҷом расонида, барои гидроагрегатҳои 1, 2 ва 3 корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» имконияти мавҷударо ба татбиқи лоиҳаҳои «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ, таъмини боэътимоди фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 равона месозад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид