НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо 12 мақомоти олии аудити давлатии ҷаҳон ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишнома бо мақомоти олии аудити давлатии Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Беларус, Латвия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Чин ҷиҳати такмили идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунии давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявию самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд дорад. Дар ин хусус 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода хабар дод.
Гуфта шуд, ки соли 2023 23 корманди Палатаи ҳисоб дар чандин даврҳои омӯзишӣ дар Ҳиндустон, Индонезия, Ветнам, Фаронса, Шоҳигарии Норвегия ва Чин иштирок намуда, донишашонро такмил доданд.
Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи Ташаббуси ҷаҳонии ҳисоботдиҳии мақоми олии аудит ворид гардидааст, барои давраи солҳои 2023-2025 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
ИНТОСАЙ (INTOSAI) ташкилоти байналмилалии худмухтор, мустақил, ғайрисиёсӣ ва ғайридавлатӣ буда, ҳамчун ташкилоти доимамалкунанда барои мубодилаи донишу малака ва таҷриба дар соҳаи аудити берунӣ байни мақомоти олии назорати молиявӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият менамояд.
Мақсади асосии ИНТОСАЙ – ин таъмин намудани аудиторон- аъзои ин ташкилот бо мубодилаи иттилооти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, маълумот оид ба рушди муосир дар фаъолияти аудиторӣ, истифодаи стандартҳои касбӣ ва методология ба ҳисоб меравад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ«Ховар»








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






