НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 21,8 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар соли 2023 дар мамлакат иттилоъ медиҳад. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо назардошти неругоҳҳои барқи обии хурд 21 миллиарду 861,3 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178,8 миллион кВт соат ё 0,8% ва нисбат ба соли 2022 462,3 миллион кВт-соат ё 2,2 % зиёд мебошад.
Истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ соли 2023 аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат чунин мебошад: дар ҶСК «Барқи Тоҷик» 16 миллиарду 474,5 миллион кВт-соат, ки нисбат ба соли гузашта 187 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 102,8%-ро ташкил дод.
Дар ҶСК «НБО Сангтӯда-1» 2 миллиарду 616,9 миллион кВт- соат, ки нисбат ба соли 2022 177 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 107,2% -ро ташкил медиҳад. Дар НБО «Сангтӯда-2» 906,1 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 100,2 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 112,4 фоиз баробар аст.
Дар ҶСК НБО-и «Роғун» 1 миллиарду 644,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022 9,8 миллион кВт- соат кам буда, суръати афзоиш 99,4 фоизро ташкил дод. Инчунин дар ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 205,8 миллион кВт-соат неруи барқ тавлид гардид, ки нисбат ба соли 2022 9,8 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 105 фоиз баробар гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа ҳамзамон таъкид намуд, ки талабот дар ҷумҳурӣ ба неруи барқ нисбат ба солҳои қаблӣ дар иртибот ба рушди иқтисоди мамлакат ва афзоиши аҳолӣ афзудааст.
Ҳамзамон бо дахли истеҳсоли неруи гармӣ дар мамлакат вазир афзуд, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар ҷумҳурӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои солона 285,7 ҳазор Гкал ё 23,2 фоиз ва нисбат ба соли 2022 200,2 ҳазор Гкал ё 17,5 фоиз кам мебошад. Вазир инчунин гуфт, ки аз 17 октябри соли 2023 интиқоли гармӣ ба шаҳри Душанбе оғоз гардида, то 1 январи соли 2024 аз 3 200 иншоот 3147 иншоот бо назардошти 150 иншооти иловагӣ бо энергияи гармӣ таъмин мешаванд, ки иҷрои нақша дар сатҳи 98,3 фоиз таъмин гардид.
Вазири энергетика ба саволҳои хабарнигорон посух дода, афзуд, ки соли 2023 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии мамлакат, аз ҷумла дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидори истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имконияти содиротӣ корҳои муайяне ба анҷом расониданд. Ин ба татбиқи яке ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат –таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






