НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта 23 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба хориҷи Тоҷикистон ба маблағи 442,4 млн сомонӣ маҳсулот содирот намудааст
СУҒД, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд барои рушди иқтидори соҳа 62 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 352 ҷойи кор бо ҷалби 32 млн сомонӣ сармояи мустақим ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 267 адад расонида шуд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд 910 миллиону 45,6 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 209,4 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст. 23 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 442,4 млн сомонӣ ба давлатҳои хориҷии дуру наздик маҳсулот содирот намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 102,8 фоиз ё 12,2 млн сомонӣ зиёд буда, ба рушди ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор мегузорад.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида зиёд шуда, соли 2023 аз ҷониби 108 корхонаи хурду калон ба маблағи 812,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 64 млн сомонӣ ё 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои аз сатҳи соли пешина зиёд маҳсулот истеҳсол намуда 58 адад ё 38,9 фоиз зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 207 расидааст. Дар ин давра истеҳсоли номгӯи маҳсулот низ 24 намуд зиёд шуда, то ба 186 намуд расид.
Дар нишаст иброз гардид, ки дар масъалаи шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 159 нафар зиёд шуда, музди маоши миёнаи кормандони соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 124,5 сомонӣ зиёд шудааст.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






