ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳавои сард шуда, борон борида, ба барф табдил меёбад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид, дар роҳҳои кӯҳӣ барфтӯдаҳо ва яхбандӣ пешгӯӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурат ба сафар набароянд, ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд ва аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, омода намудани ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, инчунин қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳии барқӣ ва оташдонҳо қатъиян риоя намоянд.
Бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои мошингарди мамлакат, аз ҷумла дар Майхураи ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми роҳи мошингарди «Душанбе — Айнӣ», инчунин дар роҳи мошингарди «Душанбе — Ванҷ» дидбонгоҳҳои мобилии шабонарӯзӣ ташкил шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд






