«ПАЁМ ЧУН РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ». Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти ин унвон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Паём чун роҳнамои зиндагӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо ва ҳайати кормандони коллеҷ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин коллеҷ хабар доданд.
Дар ҳамоиш изҳор гардид, ки соли 2023 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои назарраси мардум соли бобарор гардид.
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар мамлакат ва ба даст омадани ваҳдати комили мардум шароит ба вуҷуд овард, ки соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ инкишоф ёфта, дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати ояндабинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, масъулини Раёсати тандурустии шаҳр, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат маъруза намуданд.
АКС: Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе








Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






