Раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Русия сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулаҳмадзода дар шаҳри Москва бо соҳибкорону роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Русия ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят мулоқот намуданд.
Ҳадафи мулоқот гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони бурунмарзӣ арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки ҳоло муносиботи дуҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Русия муваффақона густариш ёфта, мулоқотҳои мунтазами сарони давлатҳо ба таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилоят иброз намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъат гирифта, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Соли 2023 суръати рушд дар мамлакат 8,3% таъмин гардид.
«Дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ мардуми мамлакат бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи Ватан, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кор саҳм мегузорад»,-баён дошт раиси вилоят.
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои маҳаллӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳм мегузоранд.
Раиси вилоят ёдовар шуд, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриву суҳбатҳои Сарвари давлат масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя мавзуъҳои меҳварӣ ба шумор мераванд. Дар мамлакат заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ ба талаботи байлалмилалӣ ҷавобгӯ аст.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил менамояд. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироати полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад.
Дар вилоят ҳудуди 821 корхонаю коргоҳи хурду калон фаъолият ва беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд.
Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамоянд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ низ сухан гуфта шуд ва таъкид гардид, ки мутаассифон, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба ин роҳ мераванд.
Соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси тоҷик барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саъю кӯшишашонро ба васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакат равона намудаанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






