Раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Русия мулоқот намуд

Февраль 14, 2024 10:11

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Русия сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулаҳмадзода дар шаҳри Москва бо соҳибкорону роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Русия ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят мулоқот  намуданд.

Ҳадафи  мулоқот гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони бурунмарзӣ арзёбӣ гардид.

Бояд гуфт, ки ҳоло муносиботи дуҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Русия муваффақона густариш ёфта, мулоқотҳои мунтазами сарони давлатҳо ба таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси вилоят иброз намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъат гирифта, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Соли 2023 суръати рушд дар мамлакат  8,3% таъмин гардид.

«Дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ мардуми мамлакат бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи Ватан, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кор саҳм мегузорад»,-баён дошт раиси вилоят.

Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои маҳаллӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳм мегузоранд.

Раиси вилоят ёдовар шуд, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриву суҳбатҳои Сарвари давлат масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя мавзуъҳои меҳварӣ ба шумор мераванд. Дар мамлакат  заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ ба талаботи байлалмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил менамояд. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.

Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироати полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад.

Дар вилоят ҳудуди 821 корхонаю коргоҳи хурду калон фаъолият  ва беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд.

Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамоянд.

Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирӣ аз шомилшавии  ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ низ  сухан гуфта шуд ва таъкид гардид,  ки мутаассифон, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба ин роҳ мераванд.

Соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси тоҷик барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саъю кӯшишашонро ба васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакат равона намудаанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Февраль 14, 2024 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Озарбойҷон ҳамкориро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият медиҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тадбирҳо бар зидди ҳашароти зараррасон пурзӯр карда мешаванд
Дар Тоҷикистон филиалҳои бонкҳои Туркия таъсис меёбанд
Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд
Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст