РОҲ НАДОДАН БА ПАҲНШАВИИ МАЛАХ. Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизати зироати кишоварзӣ доир гардид

Февраль 29, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироати кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи ситод Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаву ташкилоти зертобеи вазорат, сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва олимону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа доир ба натиҷаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар соли 2023, фаъолияти Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 маърузаҳо  шунида шуданд.

Аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи агротехникии зироат, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулот, инчунин  омодагии ҳамаҷониба баҳри пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироати кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо  маслиҳату дастурҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд