ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ. Дар Осорхонаи Британия осори таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим», ки моҳи сентябри соли 2024 дар Осорхонаи Британия дар Лондон баргузор мегардад, осори таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон ба маърази тамошо гузошта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар ин робита Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо намояндагони Осорхонаи Британияи Кабир мулоқоти маҷозӣ анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намудани намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба бастубанд, интиқол, маблағгузорӣ, макони ҷойгиршавии нигораҳо дар толорҳои намоишии Осорхонаи Британия ва дигар паҳлуҳои раванди омодагиро ба намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» муҳокима намуданд.
Гуфта шуд, ки намоиши байналмилалии «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» дар Осорхонаи Британия дар фазои сулҳу дӯстӣ баргузор мегардад.
Шоҳроҳи Бузурги Абрешим дар таърихи тоҷикон мақоми махсусро доро мебошад, зеро омӯзишу таҳқиқоти бешумор исбот намудаанд, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим нақши муассир дошта, пайвандгарони давлатҳои Шарқ ва Ғарб будаанд. Аз ҷумла, забони суғдӣ забони муоширати байналмилалии тоҷирони ин шоҳроҳ маҳсуб мешудааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд






