Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 117 иншооти варзишӣ сохта шудааст

Февраль 13, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 117 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 87 майдончаи варзишӣ, 25 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 3 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 60 миллиону 159 ҳазору 451 сомонӣ сохта,  ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус 12 феврал Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мувофиқи маълумоти оморӣ,  ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10 ҳазору 768 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла,  126 варзишгоҳ, 7479 майдончаи варзишӣ, 2214 толорҳои варзишӣ, 94 ҳавзҳои шиноварӣ, 84 маҷмааҳою марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти босамар доранд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар маҷмӯъ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ давоми соли 2023 дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш – 38 ҳазору 734 чорабинӣ доир шуд.

Раиси Кумита иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаи намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд