Соли 2023 дар вилояти Хатлон 71 ҳазору 512 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Февраль 17, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар вилояти Хатлон 71 ҳазору 512 ҷойи нави кор таъсис дода шуд, ки нисбат ба дурнамои солона 115,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус 15 феврал муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиард 662,1 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022 1 миллиард 53,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи  занон дар вилоят 1 миллиону 780 ҳазору 54 нафар буда, 49,2 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 39 ҳазору 854 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон изҳор гардид, ки аз шумораи 188 ҳазору 603 зани коргар 13 ҳазору 887 нафараш дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 нафар зиёд мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар сабти мақомоти андоз ҳамагӣ 23 ҳазору 540 нафар буда, аз инҳо 2 ҳазору 654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1 ҳазору 160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7 ҳазору 445 нафар бо патент ва 835 нафар ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 17, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд