Соли 2023 хусусияти иҷтимоии буҷети Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 хусусияти иҷтимоии буҷет дар мамлакат нигоҳ дошта шуд. Тавре Вазири молияи мамлакат Файзидин Қаҳҳорзода 16 феврал дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2023 ба соҳаҳои иҷтимоӣ бо назардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18,7 миллиард сомонӣ равона гардид, ки он 45,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.
Вазир афзуд, ки дар соли 2023 барои музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷетӣ 8,5 миллиард сомонӣ ё 20,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет, барои пардохти нафақа 3,6 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба маблағи 618,3 миллион сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 967,3 миллион сомонӣ ва идрорпулӣ 158,1 миллион сомонӣ пардохт гардид.
Ҳамзамон Файзиддин Қаҳҳорзода иброз намуд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи мамлакат 250,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ 157,1 миллион сомонӣ ва ҳаққи узвияти ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ 93,0 миллион сомонӣ пардохт шуд.
Вазири молияи мамлакат афзуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 2,6 миллиард сомонӣ ва грантӣ 6,4 миллиард сомонӣ, маҷмуан маблағи 9,1 миллирд сомонӣ аз худ шудааст. Аз ин ҳисоб ба рушди соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 362 миллион сомонӣ, маориф 525,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 556,0 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 633,2 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш 326,0 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 843,6 миллион сомонӣ, энергетика 2,3 миллиард сомонӣ ва нақлиёт 3,5 миллиард сомонӣ равона гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад






