Байни «Сомон Эйр» ва ширкати чинии «Shanghai Haizhu Engineering & Design Group» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 28, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкати чинии «Shanghai Haizhu Engineering & Design Group» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, ки он таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи ангарро дар бар мегирад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».

Ин санад дар доираи мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати чинии «Shanghai Haizhu Engineering & Design Group Co., Ltd» (HIZ) ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки «Shanghai Haizhu Engineering & Design Group Co., Ltd» аз ширкатҳои пешсафи Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, дар соҳаи тарроҳӣ ва сохтмони зерсохтори авиатсионӣ муваффақ аст. Он ба даҳгонаи беҳтарин ширкатҳои сохтмонии фурудгоҳҳои Чин шомил мебошад.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самти рушди зерсохторҳои фурудгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Ба масъалаҳои тарроҳӣ ва сохтмони биноҳои (ангар) хизматрасонии техникӣ ба ҳавопаймоҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ширкати «Shanghai Haizhu Engineering & Design Group Co., Ltd», ки соли 2001 таъсис ёфтааст, дар соҳаи тарроҳии меъморӣ ва сохтмони иншооти бузурги зерсохторҳои авиатсионӣ дорои таҷрибаи бисёрсола мебошад. Ҳамкорӣ бо ин ширкати бонуфуз барои муосирсозии зерсохтори техникии авиатсионии Тоҷикистон ва рушди иқтидори хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо имкониятҳои навро фароҳам меорад.

АКС: «Сомон Эйр»

Октябрь 28, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид