Соли 2023 варзишгарони Артиши миллӣ барои дастовард соҳиби 95 медал гардиданд

Февраль 4, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии вазорат , намояндагон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон, афсарони Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони Вазорати мудофиа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  хабар доданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Ин аст, ки варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар арсаи байналмиллалӣ давлату миллатамонро муаррифӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Артиши миллӣ соли 2023 барои варзишгарони Вазорати мудофиа, хосса Клуби марказии варзиши артиш ба мисли солҳои қаблӣ соли бобарор ва пур аз дастоварду комёбиҳои арзандаи варзишӣ арзёбӣ мегардад. Зеро варзишгарони артиш давоми соли сипаригардида дар 14 мусобиқаи шаҳрӣ, 24 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба нишондиҳандаҳои назарраси варзишӣ ноил гардиданд.

Дар маҷмуъ, шумораи умумии медалҳои ба даст овардаи варзишгарон дар соли 2023 ба 95 адад баробар мебошад, ки ин аз рушди соҳаи варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ гувоҳӣ медиҳад.

АКС: Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Февраль 4, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд