Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бомаротиб зиёд таъмин мешавад.
Тибқи нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 бояд 92 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 1378 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.
Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 корхона бо 213 ҷои корӣ ба истифода дода шуд.
АКС аз бойгонӣ








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






