Соли маърифати ҳуқуқӣ ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд

Февраль 15, 2024 10:57

КӮЛОБ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» вохӯрии  сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо фаъолону сокинон ва аҳли ҷамоати шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад, дар вохӯрӣ фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот, масъулини сохторҳои қудратӣ, масъулини шаҳри Кӯлоб ва минтақа, намояндагони сохторҳои кор бо ҷавонону занон ва дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайянкунӣ  ва рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо маърузаи таҳлилӣ, истифода аз имконияти техникӣ ва тасвир-слайдҳо нахуст аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустии шаҳри Кӯлоб сухан намуд.

Шариф Назарзода тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ дар байни сокинон, пешгирӣ аз шиддати ҳамроҳшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ  ва  вазъи содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлобро   таъкид кард.

Гуфта шуд, ки дар бунёд ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб бояд аз   ваколатҳои фаъолони ҷомеа, пирони рӯзгордида ва нафарони обрӯманди маҳал ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа истифода намуд.

Зимни мулоқот доир ба ҳадафҳои дигари вохӯрӣ, аз ҷумла  ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия ва ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ибрози назар  шуд.

Иштирокдорони вохӯрӣ иброз доштанд, ки ҷиҳати аз байн бурдани зуҳуроти  номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастҷамъона фаъолият менамоянд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Февраль 15, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад