Соли маърифати ҳуқуқӣ ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
КӮЛОБ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо фаъолону сокинон ва аҳли ҷамоати шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад, дар вохӯрӣ фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот, масъулини сохторҳои қудратӣ, масъулини шаҳри Кӯлоб ва минтақа, намояндагони сохторҳои кор бо ҷавонону занон ва дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайянкунӣ ва рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шуд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо маърузаи таҳлилӣ, истифода аз имконияти техникӣ ва тасвир-слайдҳо нахуст аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустии шаҳри Кӯлоб сухан намуд.
Шариф Назарзода тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ дар байни сокинон, пешгирӣ аз шиддати ҳамроҳшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ ва вазъи содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлобро таъкид кард.
Гуфта шуд, ки дар бунёд ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб бояд аз ваколатҳои фаъолони ҷомеа, пирони рӯзгордида ва нафарони обрӯманди маҳал ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа истифода намуд.
Зимни мулоқот доир ба ҳадафҳои дигари вохӯрӣ, аз ҷумла ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия ва ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал ва нигаҳдошти солимии ҷомеа ибрози назар шуд.
Иштирокдорони вохӯрӣ иброз доштанд, ки ҷиҳати аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастҷамъона фаъолият менамоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






