ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 феврал, панҷшанбе, 60-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 29, 2024 08:00

29 феврали соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Намояндагии Бунёди байналмилалии асъор (ББА) Тодд Шнайдер масъалаҳои марбут ба вазъи ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

***

29 феврали соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадиро ба тавсиб расонид.

***

 29 феврали соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии давраи 6-уми мусобиқаи интихобии ҶҶ-2014 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Корея мусовӣ бозӣ намуд.

***

29 феврали соли 2016 дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва узви Шурои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин  Фан Фэнхоэй масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуданд.

 ***

29 феврали соли 2016 дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти амният муҳокима гардид.

***

29 феврали соли 2020 тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мураттибӣ ва муҳарририи нависанда Садриддин Ҳасанзода аз тариқи Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. 

29 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии бемориҳои камшумор

Февраль 29, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш