Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Февраль 5, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаевро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 4 феврал дар Душанбе байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон музокирот баргузор гардид.

Аз натиҷаи гуфтушунид Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 5, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид