ЯХОБМОНӢ. Дар Истаравшан бо мақсади ташкили саривақтии яхобмонӣ ситоди доимамалкунандаи таъсис ёфт
СУҒД, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бо мақсади пешгирии сабзиши бармаҳали боғу токзор ситоди доимамалкунандаи ташкили саривақтии яхобмонӣ таъсис гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ дар фасли зимистон яке аз омилҳои фаровонҳосилии минбаъда маҳсуб шуда, кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Истаравшан имрӯзҳо ба ин маъракаи муҳим фаро гирифта шудаанд.
Ҳадаф аз ин амал пешгирии нобудшавии зироати кишоварзӣ, сари вақт яхобмонии боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаровонҳосилии соли 2024 мебошад.
Бинобар хушку камбориш омадани тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кишоварзону саҳмдорони зиёда аз 11 ҳазор ҳоҷагии деҳқонии инфиродию оилавии шаҳри Истаравшан серташвиш гардиданд.
Бо мақсади пешгирии сабзиши бармаҳали дарахтони меваи содиротӣ, зери хок бедор гардидану пӯсидани навдаҳои токи ангурҳои шаҳдбор, талаф наёфтани меваю ангур, зироати ғалладонагӣ ва бо мақсади заминагузорӣ ба ҳосили фаровони соли 2024 тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истравшан аз ҳисоби мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёриву соҳаи кишоварзӣ, пирони рӯзгордида ва саҳмдорони соҳибтаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ситоди доимамалкунанда созмон дода шуд.
Аъзои ситод дар радифи омӯзиши ҳолати кунунии боғу токзор зарурати яхобмониро маслиҳат дода, барои сари вақт обёрӣ намудани майдони боғу токзор ва кишти зироати ғалладонагии тирамоҳӣ таклифҳои судманд пешниҳод ва ҷадвали яхобмонии боғу токзорро омода намуданд.
Имрӯз дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан зиёда аз 6 ҳазор гектар боғи дарахтони меваи содиротию токи ангурҳои шаҳдбор, 11 гектар ниҳолпарваришгоҳ мавҷуд буда, дар майдони зиёда аз 6 ҳазор гектар кишти тирамоҳии ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Бо мақсади аз гармиҳои номусоиди фасли зимистон пешгирӣ намудани бедоршавии бармаҳали ниҳолу дарахтон ва нобуд нагардидани тухмиҳои киштгардида дар давраи зимистони хушку камбориш тибқи нақшаи аз ҷониби ситоди шаҳрӣ омода гардида, ба майдонҳои ҳамаи зиёда аз 11 ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродию оилавӣ бо навбат яхоб ҷорӣ мешавад. Натиҷаи фаъолияти пурсамари аъзои ситод аст, ки давраи якуми яхобмонӣ анҷом дода шуда, давраи дуюми ин амалиёти судманд идома дорад.
«Бинобар минтақаи камоб маҳсуб шудани шаҳри Истаравшан ва бо мақсади бунёди току боғи ангуру меваҳои шаҳдбори содиротӣ дар қисми ҷанубии шаҳр соли 1966 обанбори Зарринрӯд барои нигоҳдории 55 миллион мукааб метр оби полезӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Оби обанбор танҳо барои обёрии зиёда аз 9 ҳазор гектар майдони боғи дарахтони мевадиҳанда ва токзору ниҳолпарваришгоҳҳо равона шудааст. Сарчашмаҳои захирасозии оби полезӣ оби барфу пиряхҳои қаторкӯҳи Шаҳристону Кӯҳистони Мастчоҳ тавассути каналҳои магистралии Басмандасойи ноҳияи Деваштич ва Шаҳристонсойи ноҳияи Шаҳристон, инчунин чашмаҳои атрофи обанбор маҳсуб мешаванд.
Айни ҳол дар обанбор 13 миллиону 500 ҳазор мукааб метр оби полезӣ мавҷуд аст. Дар як шабонарӯз ба обанбор зиёда аз 1500 литр оби полезӣ ворид гардида, барои яхобмонӣ аз 1100 литр то 1200 литр об сарфа мегардад»,-иброз дошт роҳбари ситод, мовини якуми Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ.
Имрӯзҳо саҳмдорони ҳоҷагиҳои деҳқонии аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби Сӯфиорифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Чорёри Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» боғу токзори хешро бо оби захиравӣ шодоб мегардонанд.
Камбориш ва хушк омадани тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 саҳмдорони ҳоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавии зиёда аз 11 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшанро заррае дар ҳарос нагузоштааст, зеро боғу токпарварони соҳибтаҷриба борҳо номусоидии табиатро паси сар намуда, туфайли чашмикордонию пурсамар истифода бурдани оби захиравию яхоб ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад






