120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 120 гектар заминҳои канори деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Бо ин мақсад дар пойгоҳи насосии Дупула таҷҳизоти замонавии обкашӣ насб шуда, ҳоло хобонидани қубурҳо то ин мавзеъ идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки заминҳои ин мавзеъ дар километри 37-уми канали Марғедар ҷойгир буда, солҳои охир аз норасоии об амалан аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ҳоло ин заминҳо шудгор шуда, боғу токзори нав бунёд мегарданд.
Бо таъмини оби полезӣ ва бунёди боғу токзори нав инҷо садҳо нафар сокинони деҳа шуғл пайдо менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва ба ин васила афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар мадди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






