21 МАРТ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ин рӯз ба баробар шудани шабу рӯз марбут аст

Март 21, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз интихоб гардидани ин сана ба баробар шудани шабу рӯз марбут аст.

Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар мамлакатҳои дунё ташаббус ва иқдоми наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир мешавад.

Имрӯз аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад. Дар ин давра ҳама мавҷудоти зиндаи кураи Замин тағийроти куллии биологиро аз сар мегузаронанд. Организмҳое, ки неруи худро вобаста ба вақту замон аз даст додаанд ва қобилияти дар марҳилаи нав ҳаёт ба сар бурдан надоранд, аз байн мераванд. Дар мавҷудоти дигари зинда ҷараёни нави биологӣ пайдо мешавад ва бо неруи тозаи ҳаёт идома меёбад.

Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ аст ва таваҷҷуҳи аҳли сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро ба наслҳои оянда тозаю озода ба мерос монад.

Рӯзи байналмилалии Замин ба ҷашни аҷдодии мо- Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Рӯзи Замин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз заминаҳои воқеии табиӣ доранд.

Маълум аст, ки зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ мешавад.

Миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз 6 ҳазор сол муқаддам мубрам будани масъалаҳои экологиро дар хотираи таърихияш ҷой намуд ва Наврӯзи оламафрӯз на танҳо ҷашни таърихиву фарҳангӣ, балки воқеан ҷашни табиӣ аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳам тавъам мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон Наврӯз мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ 20 март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ, баробар ба соати 08:06-и вақти маҳаллӣ фаро расид.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд