Афсарону сарбозони шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб дар яке аз қисмҳои низомӣ чорабинӣ доир гардида, як қатор иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон изҳор гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубоши қисмҳои низомӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Аз афсарону сарбозон даъват карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи ватан ҳамеша омода бошанд.
Дар идомаи тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид толори варзишӣ воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин дар кӯчаи ба номи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб маркази савдо ифтитоҳ гардид.
Дар идома дар ҷамоати деҳоти Зарбдори деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб ба марҳилаи дуюми сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






