Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13-14 марти соли 2024 ҳайати расмии мамлакат бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар доираи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар форум муколамаи сатҳи баланд байни давлатҳои аъзои Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо доир гардида, иштироккунандагон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 табодули афкор намуданд.
Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла новобаста аз таъсири манфии буҳронҳои глобалии иқтисодӣ давоми солҳои 2015 – 2023 рушди миёнасолонаи иқтисодии мамлакат 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ 1,6 маротиба коҳиш ёфт ва дар натиҷа созмонҳои байналмилалии молиявӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт таҷрибаи муваффақ арзёбӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаҳои ҷудогонаи форум вобаста ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ- Ҳадафҳои Рушди Устувор 1 ва густариши ҳамкорӣ дар самти гузариш ба рақамигардонӣ- Ҳадафҳои Рушди Устувор 17 иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои форум идома доранд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон









Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






