АЙЁМИ БАҲОР ОМАД, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД! Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Наврӯзро бошукуҳ ҷашн гирифтанд

Март 25, 2024 10:22

 ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарин ва фарҳанги мардуми тоҷику форс мебошад, ки он мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.  Чунин гуфта шуд дар маросими таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Раиси Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода  кормандони Кумитаи ҳифзи   муҳити зист ва зерсохторҳои онро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз  сароғози тамоми бунёдкориҳо ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои нек мебошад.

Гуфта шуд, ки чун анъана тамоми мақомоти давлатии мамлакат, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти зертобеи он бахшида ба таҷлили бошукуҳи Наврӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешоҳанги корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бошанд, то ин ки ба симои диёрамон ҳусну таровати нав зам гашта, вазъи санитарию экологии ҷумҳурӣ боз ҳам солим гардад.

Кормандони Кумита бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳунарҳои мардумиро ба маъраз гузоштанд, ки таҷассумгари фарҳанг ва оину анъанаҳои волои тамоми сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат буданд. Инчунин манзараи наврӯзиро ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва хони таомҳои миллӣ зиннат дода, рамзҳои анъанавӣ, чун Маликаи Наврӯз ва  Бобои деҳқон, сурудхониву қироати шеър, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, бозиҳои шоҳмоту шашка, тенниси рӯи миз ва дигар бозиҳои хоси ҷашни Наврӯз ба базми наврӯзӣ шукуҳи хосса зам намуданд.

Дар анҷом ба ғолибони бахшҳои хонҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анвои ҳафтсину ҳафтшин ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим гардиданд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид