АЙЁМИ БАҲОР ОМАД, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД! Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Наврӯзро бошукуҳ ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи хуҷастапай рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, яке аз суннатҳои қадимтарин ва фарҳанги мардуми тоҷику форс мебошад, ки он мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Чунин гуфта шуд дар маросими таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз сароғози тамоми бунёдкориҳо ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои нек мебошад.
Гуфта шуд, ки чун анъана тамоми мақомоти давлатии мамлакат, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти зертобеи он бахшида ба таҷлили бошукуҳи Наврӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешоҳанги корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бошанд, то ин ки ба симои диёрамон ҳусну таровати нав зам гашта, вазъи санитарию экологии ҷумҳурӣ боз ҳам солим гардад.
Кормандони Кумита бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳунарҳои мардумиро ба маъраз гузоштанд, ки таҷассумгари фарҳанг ва оину анъанаҳои волои тамоми сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат буданд. Инчунин манзараи наврӯзиро ороиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва хони таомҳои миллӣ зиннат дода, рамзҳои анъанавӣ, чун Маликаи Наврӯз ва Бобои деҳқон, сурудхониву қироати шеър, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, бозиҳои шоҳмоту шашка, тенниси рӯи миз ва дигар бозиҳои хоси ҷашни Наврӯз ба базми наврӯзӣ шукуҳи хосса зам намуданд.
Дар анҷом ба ғолибони бахшҳои хонҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анвои ҳафтсину ҳафтшин ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






