Ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Март 15, 2024 15:24

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори Шуро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, якчанд тадбир ва ташаббусҳои созанда нисбат ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ амалӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор доштанд, ки соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022   20 фоиз зиёд мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки новобаста аз дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат солҳои охир имконоти барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёд ҳастанд.

Дар ин замина, тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2024 бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки тибқи бандҳои дахлдори амри мазкур гурӯҳҳои кории доимамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба иҷрои корҳои анҷомдода маълумот манзур менамоянд.

Албатта, ин иқдом ба самарабахш ва пурзӯр гардидани фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси тавлид гардидани ҷойҳои кории нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад. Инчунин сайёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо, хӯроки умумӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин замина моро зарур аст, ки фаъолиятамонро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди сайёҳӣ бештар намуда, дар ин ҷода масъулияти баланд  дошта бошем.

Дар ҷаласа ба масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати супориш дода шуд, ки баҳри  беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои солҳои 2023 – 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 тасдиқ гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод оид ба фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 иброз намуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ соли 2023 шумораи умумии сайёҳони ба мамлакат воридшуда ба 1 201 000 нафар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022    201 ҳазор сайёҳ ё 20,2% зиёд мебошад.

Ҳамзамон иброз гардид,  ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 4 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуда, дар маҷмуъ 18 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расонида шуд.

Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидори соҳаи сайёҳии мамлакат, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 55 чорабинӣ дар дохили мамлакат ва 37 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор шуданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои солҳои 2023 – 2026» ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2024 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷуворимакка зироати пурқимати хӯрокворӣ барои инсон мебошад
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон тақвият меёбад
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд
Кишоварзони вилояти Хатлон ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии алоқа ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ намуданд
Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ гардид
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравии яккарата бунёд мешавад
Вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масоили обу иқлимро баррасӣ намуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе баррасӣ гардид
ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАХТАПАРВАРӢ КОҲИШ ЁФТ? Дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ таъкид шуд