Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аҳли илму маориф ботантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бошукуҳ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ саъю талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз байни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳон пазируфта шуд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад ва дар он ҳамаи зебоиҳои олам таҷассум меёбанд. Наврӯзи оламафрӯз ба диёри мо, тоҷикон рӯзи наву пайки шодбошии нав ҳадя меорад. Наврӯз оғози ҳосили пурмаҳсули марди деҳқон ва хушрӯзию хушбахтии мардуми сарзамини биҳиштосои мо аст.
Сипас, бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Вазири маориф ва илм ба як зумра кормандони вазорат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ифтихорнома» тақдим гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳунармандони хушсалиқаи мамлакат барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






