Ҷашни пуршукуҳи Наврӯз дар шаҳри Бохтар бо намоиши дастранҷи ҳунармандони чирадаст оғоз ёфт

Март 25, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар чорабинии идонаи Наврӯзи байналмилалӣ аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дастранҷи ҳунармандони чирадасти шаҳр, ки дар майдони Нишони давлатӣ ороста шуда буд, ҳусни оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.

Дар тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон, роҳбарону фаъолони шаҳри Бохтар аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастранҷи кишоварзону дастоварду комёбиҳои идораву ташкилотҳо ва расму анъанаҳои наврӯзии мардумони гуногунмиллати сокинони шаҳр тамошо намуданд.

Эҳёи ин суннати арзишманд дар намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Бохтар пешниҳод гардид, таҷассумгари Наврӯз ва оинҳои хоси ин ҷашни ниёгон буда, бозгӯи зиндагии шоистаи мардуми вилоят мебошад.

Идомаи бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ идома ёфт.


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёдоварӣ аз ташаббусҳои неку созандаи Роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ҷиҳати мақому нуфузи ҷаҳонӣ пайдо намудани Наврӯз изҳор дошт, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил мешавад.

Иброз гардид, ки тозаву озода намудани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода намудани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд.

«Вазифаи ҳар яки мост, ки табиатро эҳтиёт кунем, ҷӯйбору чашмаҳоро поккорӣ ва дарёву обанборҳоро тозаву озода нигоҳ дорем. Моро зарур аст, то ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои ҷумҳуриамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва як сарзамини сарсабзу хуррамро ба ояндагонамон ба мерос гузорем, — афзуд раиси вилоят.

Аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи идонаи Наврӯзиро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Март 25, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд

Маводҳои таҳлилӣ