Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бахши миллӣ хабар медиҳад.
Озмун ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон ва духтарони ҷавон дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади эҳё ва нигоҳ доштани анъанаҳои таомҳои миллӣ, таблиғи ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим ҳамасола баргузор мегардад.
Он байни магистрантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардида, аз омода намудани хӯроки миллӣ ва муаррифии он иборат буд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Илҳом Мирсаидзода ба ҳамаи довталабон барои иштирок дар озмун ва муносибати эҷодкоронаашон изҳори сипос намуд.
Иштирокчиёни озмун бахшҳои пешниҳодгардидаро сарбаландона иҷро карда, на танҳо бо таомҳои болаззати миллӣ, балки бо намоиши либосҳои миллии мантақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниро шавқовартар намуданд.
Озмун бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ ба охир расид.
АКС: Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»











Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






