Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе Олимпиадаи IV даставӣ баргузор гардид

Март 18, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология Олимпиадаи IV  даставии   хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар медиҳад.

Олимпиада бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва дар доираи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025 доир шуд.

Гуфта шуд, ки Олимпиадаи даставии  хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе соли чорум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбат ба меҳнатдӯстӣ, рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат) гузаронида мешавад.

Баъди ифтитоҳи расмии Олимпиадаи IV даставии  хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тибқи шартҳои Низомномаи олимпиада   сараввал дониши назариявии хонандагон санҷида шуда, иштирокчиёни олимпиада ба саволномаҳои тестӣ ҷавоб гардониданд ва тибқи супоришҳо нақша кашиданд.

Дар  олимпиада хонандагони синфҳои 5-10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (писарону духтарон) иштирок намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Март 18, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид