Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарии ҳайати нозирони созмонро дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия ба уҳда дорад
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти роҳбарии дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ҷараёни интихоботи президентии Федератсияи Русияро назорат менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин хабар медиҳад. Ҳайат аз 17 нафар, аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иборат аст.
Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай Низомнома «Дар бораи ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай дар интихоботи президентӣ ва/ё парлумонӣ, инчунин раъйпурсиҳо»-ро дастури кор қарор додааст, ки он ба принсипҳои бетарафии сиёсӣ, шаффофият ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, риояи қатъии қонунгузории миллии мамлакате, ки дар он назорат амалӣ мешавад, асос ёфтааст.
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






