Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид

Март 19, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳо майдончаи варзишӣ бо масоҳати 450 метри мураббаъ барои бозии футболу волейбол ифтитоҳ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, майдончаи варзишӣ барои солимгардонию обутоби бадан ва рафъ намудани мондашавии кормандони илмии академия имконияти хуб мебошад.

Бояд гуфт, ки варзиш — гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму неруманд аҳамияти бузург дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди  тарбияи ҷисмониву варзиш, оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари аҳолии  мамлакат ба ин соҳа тадбирҳои судманд андешида,    баҳри мунтазам инкишоф ёфтани   он ҳамаи шароити заруриро фароҳам меорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 19, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд