Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи ҳифзи пиряхҳо омӯзиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи ҳифзи пиряхҳо, ки 21 март муайян шудааст, таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон- сарчашмаи оби ошомиданӣ ва ҳифзи онҳо» омӯзиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ хабар медиҳад.
Дар омӯзиш оид ба мавзуи баррасишуда маърузаҳо пешниҳод гардида, иштирокдорон доир ба ҳалли баъзе проблемаҳои глобалии замони имрӯза, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуданд.
Дар кори омӯзиш дар мавзуи «Гармшавии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо», «Яхбандиҳои ҳозиразамони минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон» ва «Пиряхҳои Тоҷикистон — нигоҳдорандаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
Дар охир дар бораи масъалаҳои илмии вобаста ба соҳа дар байни маърузачиён ва иштирокчиёни ҳамоиш мубодилаи афкор доир шуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон буда, бо амалӣ намудани ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешсаф эътироф гардидааст.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дастгирӣ ёфта, моҳи декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






