Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи ҳифзи пиряхҳо омӯзиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид

Март 16, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи ҳифзи пиряхҳо, ки  21 март муайян шудааст, таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон- сарчашмаи оби ошомиданӣ ва ҳифзи онҳо» омӯзиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ хабар медиҳад.

Дар омӯзиш оид ба мавзуи баррасишуда маърузаҳо пешниҳод гардида, иштирокдорон доир ба ҳалли баъзе проблемаҳои глобалии замони имрӯза, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуданд.

Дар кори омӯзиш дар мавзуи «Гармшавии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо», «Яхбандиҳои ҳозиразамони минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон» ва «Пиряхҳои Тоҷикистон — нигоҳдорандаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ» маърузаҳо шунида шуданд.

Дар охир дар бораи масъалаҳои илмии вобаста ба соҳа дар байни маърузачиён ва иштирокчиёни ҳамоиш мубодилаи афкор доир шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон буда, бо амалӣ намудани ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешсаф эътироф гардидааст.

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дастгирӣ ёфта, моҳи декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Март 16, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд