Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия конфронс доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи намоиш таҳти унвони «Энергетика дар давраи гузариш –таъмини неру барои фардо» конфронс оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳои Олмон, Фаронса, Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти минтақавии GERES, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар конфронс масъалаҳои татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз», амалисозии технологияи муосири инноватсионӣ, ба инобат гирифтани таъсири тағйирёбии иқлим дар раванди тарҳрезии лоиҳаҳо ва бунёди иншооти сохтмонӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани самаранокии энергия, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва захираҳо дар соҳаи сохтмону саноат, ҳифзи муҳити зист, принсипҳои асосии бамеъёрдарории муҳофизати гармии биноҳо, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири гарминигоҳдорӣ, рушди истифодаи энергияи барқароршаванда дар биноҳо, иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисон ва ғайра мавриди муҳокимаи маърузачиён қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 28 феврал дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш –таъмини неру барои фардо» идома дорад. Дар намоиш барномаҳои коммуникатсионӣ-иттилоотӣ оид ба пешбурди самаранокии энергия дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ шуда, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушду коршиносони дохиливу хориҷӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ онро тамошо доранд, ки он аллакай хусусияти ҷашни илмӣ – таҷрибавӣ гирифтааст.
Намоиши «Энергетика дар давраи гузариш–таъмини неру барои фардо» то 20 март идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ










Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






