Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуданд

Март 19, 2024 15:05

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзии Агентии захираҳои моддии давлатӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Иттифоқи Тоҷикматлубот пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардидаанд.

Дар ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, тухм, сабзавот, карам, меваи тару хушк ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», назди Боғи Куруши Кабир, таваққуфгоҳи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино то 20 март идома меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2024 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд