Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар бахши иқтисоду тиҷорат тақвият медиҳанд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён дар Душанбе баён гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои маблағгузории лоиҳаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳамкории бонкӣ, таъсиси фондҳои муштарак, табодули таҷриба дар самти фанновариҳо, инчунин саҳми ширкатҳои эронӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор гирифт.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад






