Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар Тоҷикистон 90 корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Узбекистон сабти ном шуда, дар давраи солҳои 2007-2023 аз ҷониби онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон 74,1 миллион доллар сармоя ворид гардидааст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин нукта дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов дар Душанбе таъкид гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои афзалиятноки мавриди баррасии ҷонибҳо қарордошта, ҷалби сармояи мустақим, баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон ва фаъолияти ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон муҳокима гардид.
Мусоҳибон барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок тавассути ҷалби бахши хусусӣ ва ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон, афзоиши ҳаҷми сармояи мустақим, инчунин баргузор намудани Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






