Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Геология дар макон ва замон» доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Геология дар макон ва замон» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар филиали ин донишгоҳ хабар доданд, дар конференсия намояндагони 26 муассисаи таълимӣ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷи наздик иштирок намуда, ҷанбаҳои мубрами маҷмуи мураккаби илмҳои геологиро муҳокима намуданд.
Иштирокчиёни конференсия инчунин дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар доираи конференсия иштирокчиён ба ҳудуди водии дарёи Фон-Яғноб, ки аз шаҳраки Анзоб дар Шарқ то шаҳраки Сарвода дар Ғарб тӯл мекашад, рафта, бо ёдгориҳои фаровону беназири геологӣ ва аввалин геопарки эҳтимолии Тоҷикистон шинос шуданд.
Меҳмонон аз дидани водии Яғноб, шаршараҳои Марзич, «манора»-и Анзоб, дараҳо, оташи ангишти Фон-Яғноб бо «вулқончаҳои» хушманзара, дарахтони сангшудаи Равот ва ғайра ба ҳайрат омаданд.
Иштирокчиён аз сатҳи баланди ташкили чорабинии илмӣ, барномаи рангини фарҳангӣ ва имконияти шиносоӣ бо нигораҳои табиии аслӣ ва манзараҳои сангини дорои ҳаёт ва тамаддуни гузашта изҳори сипос намуданд.
АКС: Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов









Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






