Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
СУҒД, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки васеи сокинону меҳмонон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз тантанаи бошукуҳи идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли сокинони сарбаланди ин шаҳри бостонӣ шодбош гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни фархундаи Наврӯз ёдовар гардид.
“Мо бояд фаромӯш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин моро ба он ҳидоят менамояд, ки ба гузаштаи дуру наздикамон бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият бирасем. Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолааш бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамуданд ва омадани баҳору эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд. Мояи ифтихор аст, ки Наврӯз ҳамчун иди ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, аз соли 2010 дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад”,- иброз дошт Раиси шаҳри Истаравшан.
Дар баробари барномаи фарҳангии театрӣ аз ҷониби сокинон дар саҳни майдони «Нишони давлатӣ»-и шаҳр ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои милливу либосҳои тоҷикона, бозиҳои варзишӣ ва расму оини маҳаллии сокинони шаҳри Истаравшан намоиш дода шуд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






