Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон доир ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони «Арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсия аз ҷониби маърузачиён чанд ҷанбаи ҷашни Наврӯз, аз қабили масъалаҳои консептуалии таҷлили ҷашн дар шароити байналмилалӣ гардидани он, таҷлили ҷашн дар оини бостон, истифода ва ҷойгоҳи мусиқӣ дар ин ҷашн, тавсиф ва тобишҳои маъноии вожаи «Наврӯз» дар ашъори шоирон ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки Наврӯз аслан ҷашни зиндагисоз, эҳёи табиат, алоқаманд бо инсон, падидаи зебоипарастӣ, воситаи хурсандӣ, эҷодкорӣ ва ободӣ буда, воқеан ҳам ҷашни мардумӣ аст. Устодони мусиқии мо дар гузашта барои дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтани ин иди бузург оҳангҳои зебову дилнишин ва пуршӯру ҳаяҷоне офаридаанд, то рӯзгорашонро бо шодию хуррамӣ омезиш диҳанд.
Зарур аст, ки Консерватория ҳамчун муассисаи олии касбии мусиқӣ он оҳангҳои зеборо дар асоси рисолаҳои мусиқӣ, ки аз асрҳои миёна боқӣ мондаанд, дубора зинда намуда, ба зиндагии имрӯза ворид намояд.
АКС: Маркази матбуоти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






