Дар Наврӯз тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Март 20, 2024 13:41

ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар ҷумҳурӣ  21-22 март дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боронҳои  бошиддат пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 7-9 дараҷа паст мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. То 23 март дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон 20 ва 23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, 21 ва 22 март борон пешгӯӣ мешавад. 21 март ва шабонаи 22 март дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. 21-22 март ҳарорати ҳаво паст шуда, то ба 15+20 дараҷа мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, шабонаи 20 март ва 23 март бебориш пешгӯӣ мешавад. 20, 21 ва 22 март рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ мешавад. 21 март дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. 21-22 март ҳарорати ҳаво паст шуда, то 11+16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, шабонаи 20 ва 23 март бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзонаи 20, 21 ва 22 март борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. 21 март ва шабонаи 22 март дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, дар ноҳияҳои адоҳида туман мефарояд. 20 март ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 18+23 дараҷа шуда, 21-22 март ҳарорати ҳаво паст мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 ва 23 март ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, 21-22 март дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. 21 март дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Март 20, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд